Туркия: Дастгиршавии тоҷик бо иттиҳоми тероризим

Мақомоти Туркия 5 ҷангҷӯи ДИИШ-ро дар шаҳри Истамбул бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзи раъйпурсии Қонуни асосии ин кишвар дастгир карданд. Яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ф.А. будааст.

Пулиси Туркия рӯзи 14 апрел аз боздошти 5 узви созмони тундрави ДИИШ («Давлати исломӣ”) дар шаҳри Истамбул хабар дод. Бино ба гузориши расонаҳои расмии Туркия, ин афрод ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзи раъйпурсии Қонуни асосии ин кишвар айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи манобеи пулис, яке аз боздоштшудаҳо, ки аз ӯ танҳо Ф.А. ном бурда мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик қаблан дар минтақаҳои ҷангзада таҳти парчами ДИИШ меҷангид ва ахиран ба Туркия баргашта, дар Истамбул барои ин созмони тундрав кор мекард.

Ин шаҳрванди тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрванди Туркия Е.Н. аз сӯи идораи пулиси зиддитеррори шаҳри Истамбул дастгир шудааст.

Амалиёти боздошти ин 5 нафар дар маҳаллаҳои Беёдлу, Бахчеливлар ва Бейкоз анҷом шудаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *