Туркманистон: Навбатпоӣ барои харидани сабӯс

Баъд аз камчин шудани орд дар минтақаҳои Туркманистон сокинон ба харидани сабӯс рӯ оварданд. Тавре дар навор дида мешавад, сокинони вилояти Дашоғуз барои харидани сабӯс навбатпоӣ мекунанд.

Дар Туркманистон сар аз соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт. Ҳосили ками ғалладона ва мушкилоти дигари кишоварзӣ дар он кишвар боиси боло рафтани арзиши маҳсулот гардид.

Чанд соли охир ҳукумат бо ворид кардани орд аз хориҷ ниёзи сокинонро бо ин навъи маҳсулот қонеъ мекард. Аммо баъди уфти қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ мақомоти Туркманистон барои ворид кардани орд аз хориҷ маблағ пайдо накарданд.

Моҳи декабри соли 2017 арзиши орд дар он кишвар ду баробар гарон шуд. Дар бархе аз минтақаҳои дигар фурӯши орд маҳдуд гардид.

Дар вилояти Дашоғуз дар айни ҳол як сокин ҳақ надорад бештар аз 5 кило орд харидорӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *