Тутинисо Исмоилзода – Тоҷикистон

Чӣ хуш

Дарди бедармон даво ёбад, чӣ хуш,
Бенавое ҳамнаво ёбад, чӣ хуш.
Бесафо,паҳну парешонгаштагон,
Зиндагии босафо ёбад,чӣ хуш.
Рӯйи раҳ афтодагонанд зор- зор…
Дилфигоре муттако ёбад,чӣ хуш.
Интиҳо ёбад ҳама ғамҳои мо,
Шодии дил ибтидо ёбад,чӣ хуш.
Эй гаронгӯшо,садои Ҳақ шунав,
Як садо сад ҳамсадо ёбад,чӣ хуш.
Мушкиле дорему ҳайронем мо,
Ҳалли он мушкилкушо ёбад,чӣ хуш.
Ақлу дил гар созгорӣ мекунад,
Як хирадманде намо ёбад,чӣ хуш.
Бар муроди худ расед,ёрони ман,
Чун муроди дил Нисо ёбад,чӣ хуш.
***

Модари ман

Кош эҳё мешудӣ, эй модари яктои ман,
Руйи қалбат мениҳодӣ ин сари танҳои ман.
Боз бо он шеваи зебо ту мегуфтӣ маро,
Ёд кардам ман туро гулдухтари зебои ман .
Бо хаёлат бигзарад ҳар лаҳзаи умри азиз,
Ёди ширинат ҳамеша муниси шабҳои ман.
Акси нуронии ту бигзошта ман рў ба рў,
Ашкҳо ҷорӣ шавад аз чашмаи бинойи ман.
Бе ту қалби ман тиҳиву зиндагонӣ сарди сард,
Эй шукуҳи зиндагонӣ бе ту чун фардои ман.
Сабзаҳо чун махмале хоки туро пўшидаанд,
Модаро, сабз аст оғўши туву дунёи ман.

***

Модарам

Ашке бичакад зи дидагонам,
Бар бистари хокии ту модар.
Ҳар зарраи хоки бистари ту,
Бар руйи кафам чу дуру гавҳар.

Биншинаму ман сари мазорат,
Ҷуз орзуйи дигар надорам.
Бархез, биё, зи оғуши хок,
То бар қадами ту сар гузорам.

Оҳ, модари ғамбару дилогаҳ,
Эй, боиси шодии дили ман.
Ту рафтиву манам бирафтам,
Хомўш чароғи манзили ман.

Бар кишвари ғайр умр бигзашт,
Боло бишудему гаҳ фитода,
Он дасти навозишат ту гўё,
Бар шонаи ман будӣ ниҳода.

Оҳ, модари ҷон, баҳор ояд,
Гулҳо шукуфад ба мадфани ту.
Як лола ду дида хунфишон аст,
Аз боғи ҳаёти гулшани ту…

طوطی نسا اسماعیل زاده — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *