ТВ Бадахшон: Абдураҳмон Айёмбеков дастгир шуд
ТВ Бадахшон хабар дод, ки 5 нафар дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон дар пайи муқобилият ва латукӯби кормандони милитсия дастгир шудаанд. Яке аз боздоштшудаҳо Абдураҳмон Аёмбеков, додарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Падари Абдураҳмон Аёмбеков – Оқил Аёмбеков баъди ҳодисаҳои соли 2012-уми Хоруғ бо ҷурми куштори сардори раёсати амнияти ВМКБ генерал Абдулло Назаров ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Бино ба гузориши телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 15 октябр дар посгоҳи БДА дар мавзеи Бидури ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон як мошини тамғаи ВАЗ-2110 бо рақами транзитии қалбакии М0010М манъ карда шуд. Ронандаи мошин Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, 15 ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар посгоҳ ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, талош кард, то аз ҷои ҳодиса фирор кунад.
Дар гузориши ТВ Бадахшон дида мешавад, ки ронанда мошинро тоб дода, мехоҳад фирор кунад, вале як корманди БДА худро болои он мепартояд. Бо ин вуҷуд, ронанда ба рондани мошин идома медиҳад. Дар гузориши телевизионӣ гуфта мешавад, ки Бодуров корманди БДА-ро 300 метр кашола карда бурдааст.
Кормандони милитсия ин мошинро дар ниҳоят манъ карда, ронанда ва мусофирони онро дастгир карданд.
Дар посгоҳи Бидур ин нафарон дастгир шуданд:
1.Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, 15, ронандаи мошини ВАЗ-2110.
2.Давлатҷонов Амид Меликшоевич, санаи таваллудаш 9 январи соли 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 58, қаблан бо моддаи 201, қисми 1 (муомилоти маводи мухаддир) суд шудааст.
3.Мазоров Мақсад Атоназарович, санаи таваллудаш 27 августи соли 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи 50-солагии Хоруғ, пештар бо моддаи 244, қисми 2 (дуздӣ) суд шудааст.
4.Давлатов Фахриддин Қамарович, санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, 23.
5.Аёмбеков Абдураҳмон Оқилович, санаи таваллудаш 11 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Аёмбек, хонаи 4.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин 5 нафар бо кормандони милитсия вориди муноқиша шуда, онҳоро латукӯб кардаанд. Ташхис нишон додааст, ки онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд. Дар гузориш дида мешавад, ки мақомот аз дохили мошини ин 5 нафар миқдори зиёди машрубот низ пайдо кардаанд.
ТВ Бадахшон мегӯяд, бахши тафтишоти РВКД дар робита ба ин ҳодиса парванда оғоз карда, ин 5 нафари боздоштшударо ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Дар байни ин 5 нафари дастгиршуда якеаш Аёмбеков Абдураҳмон, бародарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон мебошад. Падари Абдураҳмон – Оқил Аёмбеков ҳамроҳ бо ронандаи Толиб Аёмбеков – Ҳамза Муродов баъди ҳаводиси хунини соли 2012-уми Хоруғ дастгир ва бо ҷурми қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти вилоят мутаносибан ба 17 ва соли зиндон маҳкум шуданд.
6 сол пеш маҳз куштори генерал Абдулло Назаров сабаби интиқоли нирӯҳои амниятӣ ба вилояти Бадахшон ва роҳандозии амалиёти вижа дар Хоруғ шуд. Дар ҷараёни он амалиёт дастикам 23 нафар кушта шуданд.
Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазориеваз ҷумлаи лидерони ғайрирасмие шумурда мешавад, ки дар вилояти Бадахшон аз нуфуз ва таъсири хосе бархӯрдоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ