Модари Сироҷиддин Фозилов вафот кард

Шарофат Аминова – модари овозхони шинохта Сироҷиддин Фозилов ва бибии овозхони ҷавон Файзалӣ Фозилов рӯзи 17 октябр дар синни 87 аз олам чашм пӯшид.

Маросими намози ҷаноза ва дафни модари Сироҷиддин Фозилов рӯзи 18 октябр, соати 10 дар деҳаи Солеҳон (собиқ Ҷалҷит)-и Ваҳдат баргузор мешавад. Шарофат Аминова чандин сол боз бемори бистарӣ буд ва ҳатто дар як клипи ба модараш бахшидаи Сироҷиддин дар рӯи аробачаи маъюбӣ тасвир шудааст.

Шарофат Аминова 8 фарзанд дошт, ки Сироҷиддин фарзанди хурдии ӯст. Як набераи ӯ Файзалӣ Фозилов низ мисли Сироҷиддин пешаи овозхониро интихоб кардааст ва бо вуҷуди синни ҷавонаш аз овозхонҳои шинохтаи кишвар ба шумор меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *