ТВ-ҳои Тоҷикистон ба пахши рақамӣ мегузаранд

Ҳукумати Тоҷикистон баррасии Барномаи гузариш ба пахши рақамии шабакаҳои радиоӣ ва телевизиониро оғоз кардааст. Маҳмадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон  гуфтааст, ки  феълан ин барнома аз сӯи вазоратхонаҳо ва муассисаҳои ҳукуматӣ баррасӣ мешаванд. Вай гуфт, «интизор меравад ин барномаи аз оғози соли оянда мавриди иҷро қарор гирифта, дар тӯли 5 соли оянда куллия расонаҳои радиоӣ ва телевизионии Тоҷикистон ба пахши рақамӣ ё диҷитал гузаранд».Ба гуфтаи Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, феълан дар кишвар 8 шабакаи сартосарии телевизионии давлатӣ фаъол ҳастанд, ки аллакай ба пахши рақамӣ гузаштаанд. «Аммо ҳудуди 50 шабакаи ғайридавлатии телевизионӣ ҳамчунон тавассути наҳваи ба истилоҳ маъмулӣ барнома пахш мекунанд. Дар сурати қабули ин барнома куллия шабакаҳои ғайридавлатии телевизионӣ низ бояд ба пахши рақамӣ гузаранд. Мо ҳадаф дорем дар зудтарин фурсат омӯзиши кормандони шабакаҳои телевизионии ғайридавлатиро барои гузариш ба пахши рақамӣ баргузор кунем. Дар барнома зикр шудааст, ки хазинаи ивази таҷҳизоти телевизионӣ барои пахши рақамиро соҳибони шабакаҳои ғайридавлатӣ бояд аз манбаҳои худӣ ё тавассути грантҳо аз созмонҳои хориҷӣ пайдо кунанд. Аммо гузариш ба пахши рақамӣ танҳо ивази таҷҳизотро дар назар надорад. Барнома пешбинӣ кардааст, ки мӯҳтавои барномаҳои пахшмешуда низ бояд таҷдиди назар карда шавад», — гуфт Зинатуллоҳ Исмоилзода.Ин дар ҳолест, ки 15 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Академияи расонаҳои Тоҷикистон барои анҷоми ин давраҳои омӯзишӣ миқдоре аз таҷҳизоти наворбардории рақамиро тӯҳфа кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *