Корхонаи Хоразм-шакар дубора ба кор медарояд

Саҳмияҳои корхонаи «Хоразм-шакар»-и Ӯзбекистон, ки фаъолияти он моҳи ноябри соли гузашта қатъ шуда буд, 12 сентябр бар ивази 14,2 миллиард сӯм (беш аз 1,7 миллион доллар) фурӯхта шуданд.

Ба огаҳии бунёди биржаи «Тошканд», 99,4 дарсади саҳмияҳои корхонаро як сокини пойтахти Ӯзбекистон бо номи А.Р. Тошев харидааст. 0,6 дарсади боқӣ ба кӣ тааллуқ дорад, гуфта намешавад. Дар ҳоли ҳозир, аз 1,5 ҳазор корманди корхона танҳо 70 нафар мондаанд.

Сомонаи расмии корхонаи «Хоразм-шакар» хабар додааст, ки дар ҷаласаи 20 ноябр номи корхона иваз ва санаи дақиқи ба кор оғоз кардани он муайян хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа, ки дар дафтари асосии корхона дар Тошканд баргузор мешавад, оиннома ва сохтори нави корхонаро ҳам тасдиқ мекунанд.

Корхонаи «Хоразм-шакар» моҳи ноябри соли гузашта фаъолияти худро қатъ карда, кормандонашро то моҳи апрел ба рухсатии бемузд фиристод. Ба гуфтаи яке аз кормандони пешини корхона, моҳи апрел рухсатии онҳо дароз ва аз 1 июн қарордоди корӣ бо 95 дарсади кормандон бекор карда шудааст.

Дар Ӯзбекистон корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкороне, ки бо воридоти ашёи хом машғул буданд, дар пайи беқурбшавии пули миллии ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2017 бо мушкилиҳои молӣ рӯбарӯ шуданд. Ду корхонаи дигари Ӯзбекистон — «Хоразм-шакар» ва «Ангрен-шакар» низ дар вазъияти ҳамсон қарор гирифтанд. Дар ҳоли ҳозир, тақдири корхонаи дувумӣ, ки дар Тошканд ҷойгир аст, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *