Ҳуҷанд: Зан мардро бо печка зада кушт

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як зани 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.

Ин зан, ба гуфтаи мақомот, шаби 16 ноябр дар ҷараёни муноқиша як марди 58-солаи сокини Бӯстонро бо таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ду маротиба ба сараш зада, куштааст.

Куштор бо таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2017, бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, охиронро бо таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дастгир шудани 2 нафар қаллоб аз ҷониби кормандони милитсия

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 48-солаи сокини ноҳияи Ховалингро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, моҳи сентябри соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 57-солаи сокини ноҳияи Вахш даромада, аз ӯ 6700-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 52-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда рӯзи 29-уми сентябри соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 63 ҳазору 800-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *