Нидо Ғаффорзода «Ҳадя»- Эрон

Пажмон  

Эй, ки дар рӯзам чу меҳри дар шабам моҳӣ, биё,

Ман туро чашминтизорам ахтаро, гоҳе биё.

 

Ҳеҷ оромиш надорам бе ту дил дарёи хун,

Эй, ки аз туғёни қалбам хуб огоҳӣ, биё.

 

Гар маро ғаввоси уқёнуси ишқат хондаанд,

По бикӯбам бе ту бар ҳар мансабе воҳӣ, биё.

 

Ҳоли дил шуд дар фироқат ҳамчу барге дар хазон,

Эй баҳоро бо туам ҷоно агар хоҳӣ, биё.

 

Баъд аз он рӯзе, ки рафтӣ хаста аз олам шудам,

Ҳоли моро хуш бифармо эй, ки дар роҳӣ, биё.

 

Кӯҳи Қофатро раҳо кун бар замин гоме нишон,

Умр  кӯтоҳ асту ҳар дам мекашам оҳе, биё.

 

Гӯшачашме гар кунӣ бар мо назар, бас ҷон диҳам,

Ёди мо кун дилбаро бар ин гадо шоҳӣ, биё.

***

 Ҳадя  

Омадам то бори дигар ишқро бунён кунам,

Шарҳи шайдоии худро ҳадя бар ёрон кунам.

 

Ранги чашмонам сафедӣ мезанад бе рӯи моҳ,

Юсуфи гумгашта бо пероҳанаш тӯфон кунам.

 

Омадам то дар хазоне баргафтонаш шавам,

Сози дилро гар навозад домане рақсон кунам.

 

Ё чу бороне шавад нозил кавири ташнаро,

Он чӣ ҳоил байни мо бошад чунон вайрон кунам.

 

Ин замистон аст ё поиз?! Ҳар фасле, ки ҳаст,

Фасли фасламро ба номаш назр дар борон кунам.

 

Найнавозон най надоранд тоби ин андӯҳро,

Захма бар торам занед то пуди худ сомон кунам.

 

Ҷон фидояш ин чӣ дилтанагист бар аҳволи мо,

Омадам то ҷону дилро дар раҳаш қурбон кунам.

***

Одам ба худо нишони ишқ аст

Ҷӯшида диле зи неши ёрон,

Оҳ асту навои бенавоён.

 

Захме, ки ҷигар надорадаш тоб,

Ин гуна ба дил задед шодоб.

 

Шамшери инод ба дил кашидед,

Бар дор таневу сар буридед.

 

Ҷон кандани ман ба чашм бинед,

Шояд, ки забон ба ком гиред.

 

Аз рӯзи азал баҳона ишқ аст,

Одам ба худо нишони ишқ аст.

 

Мо дар раҳи ишқ ҷон супурдем,

Мардона дил аз худой бурдем.

 

Бигзар зи ману зи панду андарз,

Шайдои замонаам ба ин марз.

 

Ошиқ ба худо задан надорад,

Кам монда, ки осмон биборад.

 

Ҳар қисса зи ишқ менигорам,

Ҳарфе зи дил аст бо нигорам.

 

Роҳе шудаам ба кӯҳу саҳро,

Дилбаста ба Вомиқе чу Узро.

 

Маҷнуни шикастадил куҷоӣ?

Шурида надидае чу моӣ!

 

Фарҳод ба тешаат чӣ нозӣ!

Ман ҷон биканам ба сӯзу розӣ.

 

Ҷон дода ба ҷони ёр моем,

Дилро зи фироқи ӯ бисоем.

 

Эй аҳли ҳунар намонда ноӣ,

Гӯ фотиҳаро бихон видоӣ.

 

Эҳсони худо ба ҳар касе, ки,

Номаш бибарад ба назди ман беҳ.

 

Ҷон нест ба тан дигар дар ин чоҳ,

Бингар ба ҳалокатам ту эй моҳ.

 

Эҳё шавам аз дамат ба як он,

Бо ишқ будам азизи Канъон.

ندا غفارزاده «هدیه»- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *