Қу, моҳӣ ва харчанг аробаро чаппа карданд

 

 Хабаре, ки дар поён оварда мешавад, масали машҳури нависандаи рус Криловро ба ёд меорад,ки дар он ҳар як ҷонвар  ба самти барояш маъқул ҳаракат карданӣ мешавад ва дар натиҷа аробае, ки онҳо бояд якҷоя кашанд, дар ҷояш мемонад.

«Гуруҳи 24”,  созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки «бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолат”-и ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи дигари мухолифинро комилан қатъ мекунад. Ин ҷудоӣ ба маънои барбод рафтани талошҳо барои сохтани эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик аст.

Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи «Гуруҳи 24” бо нашри як баёния эълон кард, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсисашро бо ҳизби низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) комилан қатъ мекунад. Дар изҳороти «Гуруҳи 24” аз 20 январ бидуни ироаи ҷузъиёт «сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи ҳзиби наҳзати исломии Тоҷикистон” ҳамчун далели қатъи ҳамкориаш бо ҲНИТ ном бурда мешавад.

«Гуруҳи 24” дар идомаи баёнияаш таъкид кардааст, ки ҳадафи аслиаш ҳамчунон мубориза бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад. Ин созмон ҳамчунин аз тарафдоронаш хостааст, ки «аз ҳар гуна баҳс ва дасиса худдорӣ кунанд.”

Эълони қатъи ҳамкории «Гуруҳи 24” бо ҲНИТ дар ҳолест, ки тақрибан аз тобистони соли 2017, аз нишасти мухолифини тоҷик дар Дортмунди Олмон созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунӣ ҷиҳати ташкили як эътилоф ваё ба истилоҳ «Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик -2” музокираҳо пеш мебурданд. Аз ин ҷараён берун шудани «Гуруҳи 24”, ки баъди ҲНИТ дувумин ташаккули умдаи мухолифин буд, дар амал ба маънои барбод рафтани талошҳои анҷомшуда барои ташкили чунин эътилоф арзёбӣ мешавад.

Намояндагони ҲНИТ ҳанӯз дар бораи баёнияи ахири «гуруҳи 24” изҳори назар накардаанд, вале нашри мусоҳибаи Шарофиддин Гадоев, яке аз роҳбарони собиқи «Гуруҳи 24” дар нашрияи ба ҲНИТ наздики «Паём” вокуниши тунди роҳбарони «Гуруҳи 24”-ро ба бор оварда буд.

Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи расмии «Гуруҳи 24” тасдиқ кардааст, ки як сабаби тасмими ахир мусоҳибаи Гадоев аст: «Ин мусоҳиба охирин хатти сурхе шуд, ки баъди он мо маҷбур шудем, ки тасмимамонро эълон кунем. Пеш аз ин ҳам кӯшишҳои чунин мудохила дар умури «Гуруҳи 24”, талоши 12 ба 12 тақсим карданҳо буд. Мо нигаронии худро дар сӯҳбатҳои дӯстона расонда будем, вале бархӯрд ислоҳ нашуд. Ҳама медонанд, ки «Паём” минбари таблиғотии ҲНИТ аст. Ҳоло чаро аз он фосила мегиранд?”

Саидалӣ Ашӯров афзуд, қатъи ҳамкорӣ бо ҲНИТ ба маънои қатъи музокираҳо ҷиҳати ташкили эътилофи нирӯҳои мухолифин аст: «Зеро қадамҳое, ки аз ҷониби ҲНИТ бардошта шуд, ба сӯи эътилоф ва иттиҳод набуд. Ба ҳамин сурат, аз Шарофиддин Гадоев дар тахриби кори Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ истифода шуд. Боз ҳамон қартаи Гадоевро дар муқобили «Гуруҳи 24” истифода бурда истодаанд. Вале бародар Шам хитоб ба онҳо гуфт, ки агар моро дарс доданӣ ҳастанд, дер кардаанд. Мо дарсамонро алакай гирифтаем.”

Ихтилофи қаблӣ дар Анҷумани нирӯҳои созандаро, ки тобистони соли 2017 рух дод, бисёриҳо кори дасти мақомоти Тоҷикистон номида буданд. Вале намояндагони «Гуруҳи 24” мегӯянд, дар тасмими онҳо ба қатъи ҳамкорӣ бо ҲНИТ ягон нирӯ аз берун, аз ҷумла аз Душанбе даст надорад, балки ин қарори мустақилонаи худи онҳост ва «Гуруҳи 24” ҳамчунон дар мавқеи мухолифат бо ҳукумати кунунӣ боқӣ мемонад.

«Гуруҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки соли 2012 аз ҷониби соҳибкори дар гузашта пурнуфуз Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз кишвар таъсис ёфт. Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар як сӯиқасд кушта шуд. Баъди қатли асосгузораш як муддат роҳбарии «Гуруҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев, як шарики собиқи тиҷоратии Қувватов ба уҳда дошт, вале дар моҳи августи соли 2015 ба ҷои Гадоев Сӯҳроб Зафар, маъруф ба Шам, хоҳарзодаи генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Гвардияи миллии Тоҷикистон ба даст гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 фаъолияти «Гуруҳи 24”-ро расман манъ ва ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ ворид кард. Сабаби ин тасмим баргузории намоишҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва даъвати мардум ба як эътирози ниҳоӣ дар маркази Душанбе буд.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) бо қарори Додгоҳи олӣ манъ гардида, ин ҳизб ба рӯйхати созмонҳои ҳам ифротӣ ва ҳам террористӣ шомил карда шуд.Маълум.ки аробаи мухолифин чаппа шуд ва гумон аст .ки онро дубора сари по гузошта тавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *