Ҳуҷуми хукҳо ба Нуробод

“Як шаб агар моро дар сари замини кишт хоб барад, меҳнат ва захираи яксолаамон барбод меравад.

 На аз хӯса метарсанд, на аз сагу одам. Гала-гала меоянд ва агар як шаб хобат барад, тамоми киштзор ба хок яксон мешавад” гуфтааст як сокини Нуробод.

Маҳмад Нуров, сокини ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон ду моҳ бояд бедорхобӣ бикашад, то ним гектар кишти картошкаашро аз ҳуҷуми хукҳои ваҳшӣ наҷот диҳад. Ин марди деҳқон мегӯяд, теъдоди хукҳо аз солҳои гузашта зиёд шудааст ва ҳар шаб гала-гала шуда ба киштзорҳои картошка ҳуҷум мекунанд.

​Муҳаммадҷон ҳамроҳ бо даҳҳо тан деҳқоқони дигар шабҳо бедорхобӣ мекашанд, то киштзори худро аз ҳуҷуми хукҳо наҷот диҳанд. Танҳо як шаби бехобӣ захираи солонаи зиндагии Маҳмад ва панҷ фарзандашро метавонад барбод диҳад. “Се чор рӯз пеш ба баъзе ҳамсояҳо зарар расонд. Шабҳо меравем ва бедорхобӣ мекашем. Як бор агар дарояд, ҳамаро бо фукаш зада хароб мекунад. Агар даҳ кило хӯрад, сад килои дигар зарар мерасонад”, — гуфт ӯ.

Ҳоло дар Тоҷикистон замони нашъунамои кори деҳқон аст. Кишти картошка, гандум ва нахуд то моҳи август ҷамъоварӣ мешавад ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳар деҳқон барои ҳифзи киштзораш ҳадди аққал ду моҳ бояд бедорхобӣ кашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *