Талоқи смс-ӣ қабул мешавад?

Соли гузашта шавҳар кардам. Шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, ман бошам аз Русия. Зиндагиамон ширин буд ва аз ҳамдигар ягон шиква надоштем. Рӯзе шавҳарам ба ман гуфт, ки ба хонаи падарат рав, пас аз чанд рӯз ман ҳам меоям. Ягон гумони бад набурда бо дили пур ба хонаамон рафтам. Ҳамон бегоҳ шавҳарам занг зада гуфт, ки модараш сахт бемор шудааст ва ӯ бояд фавран ба Тоҷикистон равад. Телефонӣ хайрухуш кардем. Пас аз як моҳ вай ба ман паёмаке фиристод, ки дар он “ҷавобатро додам, метавонӣ шавҳар кунӣ» навишта шуда буд. Дар ҷавоби ин паёмак ман ба ӯ навиштам, ки ин шӯхиҳояшро як сӯ монад, чунки мо ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавем, вале дигар аз шавҳарам хабаре нашуд. Оё никоҳи мо бурида шудааст? Падарам мегӯяд, ки туро ба як марди корчалон ба шавҳар медиҳам, вале ман, ки аз даҳони шавҳарам калимаи талоқро нашунидаам, ҳайрон монда, чӣ ҷавоб доданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед!

Гавҳар Саидаминова, хонанда 

Посух

Агар шавҳаратон дар ҳақиқат он паёмакро худаш навишта бошад, аз вай пурсидан лозим аст, ки дар ҳақиқат нияти талоқ додан дошт ё не.  Паёмакро, агар мард бо нияти талоқ навишта бошад, пас шумо талоқ шудаед ва дар сурати майли шавҳаркунӣ доштан метавонед пас аз тавлиди тифли батнатон бо каси дигар издивоҷ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *