Ҳуҷуми ғоратгарона ба ҳавлии сокини Навгилем
Гурӯҳи номаълуме аз хонаи Нурулло Музаффаров – сокини ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара – “бо зӯр” беш аз 60 ҳазор долларашро ба яғмо бурдаанд. Мақомоти милиса гуфтаанд, ки Нурулло Музаффаров ба ҳайси “сарроф” кор мекард ва пулҳои рабудашуда аз 150 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 2 миллион рубли русӣ иборат буданд. Ҳоло барои боздошти ғоратгарон як гуруҳи махус ташкил шудааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфтаанд, ки дар робита ба ҳодиса тибқи банди “Ғоратгарӣ ба миқдори махсусан калон”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Муҳсин Юсуфов, корманди дафтари матбуоти ин ниҳод, гуфт, ки баъди ҳодиса Нурулло Музаффаров ва ҳамсараш Мухбира Музаффарова дар бемористони марказии Исфара бистарӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ