Фармон: Милисаҳо ба театр равед!

Кормандони милиса  дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ ҳадди ақал як бор ба театр бираванд.

Дар Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин бора дастури расмии Рамазон Раҳимзода содир шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ – рӯзи 11 апрел гуфтааст, ки ба театр рафтани кормандони милиса барои боло рафтани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд. «Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад», — гуфтааст  ӯ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *