Убайдулло Асрорзода дар Олмон Ҳайке Улингро ба Тоҷикистон даъват кард
Дар Берлин ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти Гётеи Олмон муҳокима гардид.
Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи маориф зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбари минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Институти Гётеи Олмон Ҳайке Улинг дар Берлин баррасӣ шуданд.
“Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот тавсеаи ҳамкориро дар самти ташкили даври такмили ихтисос барои омӯзгорон ва табодули академии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ доданд аз донишгоҳ.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ аз Ҳайке Улинг даъват карда шуд, ки дар фурсати барояш мувофиқ ба Тоҷикистон, хусусан ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф орад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ