Убайдулло Асрорзода дар Суғду Хатлон коллеҷ таъсис дод

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ду коллеҷ таъсис додааст.

Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант ва Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2023 дар назди ин муассисаи олӣ таъсис ёфтанд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз, 4-уми август зимни нишасти матботӣ дар ин бора иттилоъ дода, гуфт: «Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант нахустин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи саноати мамлакат аст. Он бо ҳадафи ноил гардидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръат», инчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои солҳои 2022-2026 — “Солҳои рушди саноат” таъсис ёфт. Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд низ аз аввалин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ буда, бо ҳадафи омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъсис ёфт”.

Таъкид гардид, ки таъсиси литсейҳо, коллеҷҳо ва филиалҳо дар сохтори донишгоҳи мазкур имкон фароҳам сохт, ки имрӯз муассиса мутахассисонро дар чорчӯбаи талаботи таҳсилоти бисёрзинагӣ, яъне таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ омода намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *