Убайдулло Раҷабов даргузашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов аз олам даргузашт. Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик 80 сол дошт. Сабабҳои марги ҳунарманд ҳанӯз гуфта нашудааст.

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).

Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).

Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина».
Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ аст.

Беҳтарин нақшҳои офаридааш дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб:

Хуршед («Орзу»-и М. Назаров),

Ҳоҷӣ Нуъмон («Ишқи африқоӣ»-и П. Мериме)
дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ:

Амфореас («Мубориза»-и С. Карас),

Хор («Антигона»-и Ж. Ануй),

Маҷ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода),

Саид Акбар («Корвони бахт»-и М. Миршакар),
Абулқосим («Кафшҳои Абулқосим»-и И. Франко).

Истеъдоди актёрии Р. хусусан ҳангоми иҷрои нақшҳои ҳаҷвии зерин хеле хуб зоҳир гардидааст:

Ҳалимбой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов),
эшон («Вопасин арӯси амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев),

Шариф Тормоз («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров).

Дар намоишномаҳои телевизионии зерин ширкат варзида нақшҳо иҷро кардааст:

«Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ

«Дугонаҳо ба театр мераванд»-и Ҷ. Икромӣ,

«Зангирии Чақабой»-и М. Давлат,

«Зани оҳанин»-и С. Аҳмад,

Қучқорбойи тракторчӣ («Зани оҳанин»-и Шароф Бошбеков) ва ғайра.

Соли 1987 барои ансамбли «Дӯстӣ»-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир дар асоси расму ойинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуд, ки соли 1987 дар Фестивал-конкурси байналмилалии ансамблҳои фолклориву этнографии кӯҳсор дар Полша ҷойи аввал ва ҷоизаи «Табари тило»-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав ва барномаи театришудаи ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Тоҷикистон» буд.

Соли 1997 роҳбари бадеӣ, таҳиягари дастаи ҳунарии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии ансамблҳои наврасон дар шаҳри Клангенфурти Австрия сазовори ҷойи аввал ва соҳиби «Ҷоми тилоӣ» гардиданд.

Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *