“Марко Поло” оташ гирифт
Калонтарин тарабхонаи шаҳри Хоруғ оташ гирифт. Аз наворе, ки имрӯз ба шабакаи иҷтимоии Youtube роҳ ёфтааст, маълум аст, ки сӯхтор дар тарабхонаи “Марко Поло” иттифоқ афтодааст.
Дар навор дида мешавад, ки аз болопӯши ин тарабхона дуди зиёд мебарояд ва дар берун теъдоди зиёди одамон ҷамъ омадаанд.
Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо тӯи арӯсӣ ҷашн гирифта мешуд, аммо сӯхтори ба амаломада ин маъракаи хурсандиро барбод дод.
“Марко Поло” яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад, ки сокинони ВМКБ ҷашнҳои хурсандии худро дар он ҷо баргузор мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи сӯхтор дар шаҳри Хоруғ иттилое нашр накардааст. Бо ба даст омадани маълумоти расмӣ шуморо аз тафсилоти сӯхттор огоҳ хоҳем кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ