Коронавирус дар як рӯз 672 нафарро кушт

Дар як рӯзи охир дар Русия, аз вируси корона 672 нафар ба ҳалокат расидааст, ки ин аз оғози пандемия, ҳадди ниҳоии нав шудааст.

Бино ба маълумоти ситоди фаврии федералӣ, сабти ҳаррӯзаи фавт рӯзи сеюм пай дар пай рекорди нав мезанад – 29 июн 652 нафар ва рӯзи 30 июн 669 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расиданд.

Ин дафъа афзоиши рекордии фавт на дар шаҳрҳои калонтарини Русия, балки дар минтақаҳои дигари камаҳолӣ ба қйд гирифта шудааст. Дар давоми рӯзи гузашта шумораи фавтидагон аз COVID-19 дар Маскав ва Санкт-Петербург нисбат ба рӯзҳои қаблӣ камтар ба қайд гирифта шуд. Дар Маскав дар давоми рӯзи гузашта 108 нафар фавтиданд, дар ҳоле ки 28 июн – 124 ва дар Санкт-Петербург – 115 фавтида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *