Убайдуллоев ба милисаҳои Душанбе мошин тӯҳфа кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати корњои дохилии пойтахт 15 мошини тамѓаи “Шкода-Октавиа” тақдим кардааст.
Дафтари матбуоти Убайдуллоев мегӯяд, ки соли барориши ин мошинҳо 2016 буда, шаҳрдор онҳоро 31 октябр ҳангоми ташриф ба Раёсати корҳои дохилӣ дар остонаи Рӯзи милиса супурдааст. Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе аснои суханронӣ ба фаъолияти анҷомдодаи кормандони ин раёсат ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннтадорӣ намудааст: “Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз ҳайати шахсии Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи шаҳрдорӣ қарор дошта, як қатор имтиёзҳо низ барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст, ки мақсад аз он беҳтар намудани фаъолияти кормандон мебошад”.
Аммо Маҳмадсаид Убайдуллоев дар идома таъкид намуда, ки “то ҳол дар шаҳр тартиботи ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин нест ва савдои кӯчагӣ дар гӯшаву канори пойтахт, бахусус дар истгоҳҳои нақлиётӣ ба мушоҳида мерасад, ки бартараф намудани он пеш аз ҳама вазифаи кормандони милитсия мебошад”.
Манбаъ афзуд, раиси шаҳр ба таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе низ дахл карда, аз кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат даъват кардааст, корро дар ин ҷода ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими расму оин ҷоннок карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ