Аудит зарари Бонки миллиро муайян кард.

Аудити мустақили Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин ниҳоди молӣ соли 2015 бештар аз 945 миллион сомонӣ ва андаке бештар аз 100 миллион доллар зиёни молӣ дидааст.

Зараре, ки соли гузашта Бонки миллӣ бардоштааст, дар муқоиса ба соли 2014 камтар аст. Дар аудити Бонки миллӣ, ки ширкати “Энрст энд Янг” анҷом додааст ва онро ба тозагӣ нашр карданд, гуфта мешавад, соли 2014 бонк бештар аз 1 миллиард сомонӣ муодили 120 миллион доллар зарари молӣ бардошта буд.

Як манбаъ дар Бонки миллии Тоҷикистон   гуфтааст, ки  «зарари молӣ мумкин аст, ба эътибори Бонки миллӣ латма бизанад, вале дар умум ба қудрати он дар танзими сиёсати пулӣ дар Тоҷикистон таъсир намегузорад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *