Убайдуллоев: Русия бояд барои мо анбор созад
Маҳмадсаид Убайдуллоев мегӯяд, ки барои роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия бояд дар ҳудуди Тоҷикистон як захирагоҳи умдафурӯшии меваву сабзаҷот бунёд шавад, то ки ин маҳсулот баъдан бо сифати баланд ба бозори Русия роҳ ёбад.
Дар ин бора раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи телевизиониаш ба шабакаи “Мир” изҳори назар кардааст, ки рӯзи 18 декабр намоиш дода шуд. Дар ин мусоҳиба ба саволи ин ки “вазъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар кадом сатҳ қарор дорад?” гуфт:“Дар ниҳояти амр, мо барои Русия бегона нестем, мо худием. Бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то ки маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус дар бахши кишоварзӣ ба масрафкунандагонаш дар Русия мустақим ва бидуни миёнаравҳо бирасад”. Ӯ гуфт, миёнаравҳо боиси боло бурдани нарх мешаванд ва ба ҳамин хотир, ба андешаи Убайдуллоев, бояд дар Тоҷикистон “як маркази умдаи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад, то битавонад сифати маҳсулотро ҳифз карда, интиқоли борро мустақим ба Русия таъмин кунад”.Ӯ гуфт, ки чунин пойгоҳ бояд бо кӯмаки сармоягузорони Русия бунёд шавад. Дар хабари ТВ “Мир” гуфта мешавад, ки ҷониби Русия омода аст чунин як нуқтаи захираву тақсими маҳсулоти кишоварзиро дар 1,5-2 соли наздик бунёд кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ