Комроншоҳ дар Чин ҳафтум шуд

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо – “Guangzou Judo Masters 2018” дар шаҳри Гуанжоуи Чин ҷойи ҳафтумро касб намуд. Ӯ ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз намояндагӣ кард. Мусобиқа рӯзи 16-уми декабр ба поён расид.
Комроншоҳи Устопириён дар феҳристи Федаратсиони байналмилалии ҷудо дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило дар ҷойи 9-ум қарор дорад
Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило, ки ҳамагӣ 17 гуштигир иштирок дошт, дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Куколҷ аз Сербия дар муддати 3 дақиқаю 38 сония бо баҳогузории “Ippon” ғолиб омад. Вале дар чаҳорякфинал аз Ван Т Энд Ноел (Нидерланд) шикаст хӯрд. Қувваозмоӣ 7 дақиқаю 45 сония идома кард. Гуштигири нидерландӣ бо баҳогузории “Waza-ari” пирӯз гашт.
Баъдан Комроншоҳ дар даври тасаллобахш бо Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех рақобат намуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Ҷумҳурии Чех дар зарфи 2 дақиқаю 28 сония бо баҳогузории “Ippon” пирӯзӣ ба даст овард.
Паҳлавони тоҷик, ки аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум гашт, дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *