Ҳудуди 70 ӯзбекистонӣ дар Самара заҳролуд шуданд

Дар бемористони вилояти Самараи Русия 68 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ҷараёни корҳои саҳроӣ заҳролуд шуда буданд, бистарӣ шудаанд.

Дар бемористони вилояти Самараи Русия 68 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ҷараёни корҳои саҳроӣ заҳролуд шуда буданд, бистарӣ шудаанд.

Маркази матбуоти бахши Вазорати тандурустии Русия дар вилояти Самара ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, шаҳрвандони Ӯзбекистон дар деҳаи Кошелевкаи ин вилоят кор ва зиндагӣ карда ва хӯрокро худи онҳо мепухтаанд.

Кумитаи бозрасии Русия дар мавриди ҳодисаи заҳролудшавии оммавӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда ва тафтишотро оғоз кардааст.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид шудааст, ки “шаҳрвандони ин кишвар дар вилояти Самара аз моддаи номаълум заҳролуд шудаанд”.

Дар хабари вазорат омадааст, корхонаи “Кошелевский посад”, ки ӯзбекистониҳо дар ин ҷо кор мекарданд, пардохти махориҷи молӣ барои табобати муҳоҷиронро ба ӯҳда гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *