Агентӣ: Гармои шадид аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шуд

Бар асари мавҷи гармои шадид, ки аз Эрон тавассути қаламрави Ӯзбекистону Туркманистон ба Тоҷикистон омадааст, дар рӯзҳои 18 то 23 июл шиддати гармо дар ҳудуди кишвар то ба 46 дараҷа хоҳад расид.

Бар асари мавҷи гармои шадид, ки аз Эрон тавассути қаламрави Ӯзбекистону Туркманистон ба Тоҷикистон омадааст, дар рӯзҳои 18 то 23 июл шиддати гармо дар ҳудуди кишвар то ба 46 дараҷа хоҳад расид.

Дар ин бора сомонаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон-meteo.tj хабар додааст.

Тибқи маълумоти ин агентӣ, имрӯз, 18 июл гармо дар шаҳри Душанбе 42 дараҷаро ташкил медиҳад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар натиҷаи гармои шадид пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии вилояти худмухтори Бадахшон об шуда ва сатҳи оби дарёҳои Вахшу Панҷ баланд хоҳад шуд. Мумкин аст, ин вазъ ба шуста шудани соҳили дарёҳо боис шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *