Ҳукми қотилони таҷовузгар содир шуд
Се сокини пойтахтро,ки дар куштори ваҳшиёнаи як зан муҷрим шинохта шудаанд додгоҳи шаҳри Душанбе равонаи зиндон кардааст
Бино ба итилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ, Нуриддин Алибаев 21 сол, Дарвеш Абдураҳимов 20 сол ва Исматуллоҳ Муҳаммадиев 19 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин се нафар 27 июли соли равон Боймурзаева Ф,А-ро ваҳшиёна қатл кардаанд. “Исматуллоҳ Муҳаммадиев бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов Д.Қ ва Алибаев Н. дар ҷои кораш- тарабхонаи “Истаравшан”-и пойтахт бо мизоҷи ҳозиршуда Боймурзаева Ф.А., ки пиво менӯшид, шинос шуда, маслиҳат намудаанд, ки бо истифода аз мастии Боймурзаева Ф.А. ӯро ба хонаи Абдураҳимов Д.Қ. бурда, бо ӯ ҳамхоба мешаванд. Дар хонаи Абдураҳимов Д.Қ. онҳо пивонӯшӣ ва суҳбаташонро идома дода, Муҳамадиев И.Ш. кӯшиш кардааст, ки бо Боймурзаева Ф.А. алоқаи ҷинсӣ намояд, аммо охирон рад намудааст”.
Сипас ин се нафар бо истифодаи болиш Боймурзаеваро нафасгир намуда, баъдан ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва дар назди Қасри варзишӣ аз болои пули оҳанини одамгузар ба дарё партофтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ