Ангела Меркел: Мо чеҳраи худро пинҳон намекунем

Канслери  Олмон Ангела Меркел ба манъи либосҳое даъват кард, ки чеҳраи занҳоро пинҳон мекунад.

«Мо чеҳраҳои худро пинҳон намекунем, пинҳон доштани чеҳраҳо дар мо қобили қабул нест», — гуфт Меркел зимни суханронӣ дар анҷумани Иттиҳоди демократҳои масеҳӣ, ки ӯ раҳбарияшро бар душ дорад. Намояндагони ин ҳизб қаблан барои манъи либоси занонаи исломӣ, ки чеҳраро пинҳон мекунад, аз ҷумла дар додгоҳҳо, ниҳодҳои дигари давлатӣ, инчунин ҳангоми мошинронӣ садо баланд карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *