Ҳукми суд: Русия бояд ба муҳоҷирини гурҷӣ 10 миллион евро диҳад

Зинаи болоии суди  Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон амр кард, ки ҳукумати Русия ба Гурҷистон дар робита бо ихроҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Гурҷистон дар соли 2006 ба онҳо дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад.

Дар изҳороти рӯзи 31 январи суди Аврупо, воқеъ дар Страсбург гуфта шудааст, ки ин маблағ бояд дар миёни гурӯҳи 1,5-ҳазорнафарии шаҳрвандони Гурҷистон ба хотири ҷуброни хисорот ва маҳрумиятҳои онҳо дар паи ихроҷашон аз Русия тақсим карда шавад.Додгоҳи зинаи аввали Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аризаи Гурҷистонро қонеъ кард ва гуфт, ки мақомоти Русия “сиёсати ҳамоҳангшудаи ҳабсу боздошт ва ихроҷи” шаҳрвандони Гурҷистонро, ки дар Русия зиндагӣ мекарданд, ба роҳ монданд. Дар ҳукми суд гуфта шуд, ки ин ихроҷ Эъломияи ҳуқуқи башари Аврупоро нақз кардааст. Баъди ин Русияи норозӣ аз ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят кард. Ин марҳилаи ниҳоии баҳсҳои судӣ  мебошад.Ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки дар фурсати аз моҳи сентябри соли 2006 то январи соли 2007 беш аз 4600 шаҳрванди Гурҷистон аз Русия ихроҷ шуда, беш аз 2300 нафари дигар боздошт ва ё маҷбуран берун карда шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки маъракаи ихроҷ гурҷиҳоро ҳадаф қарор надодааст ва ин амал дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ваё ҷиноятҳои муташаккил анҷом гирифт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *