Украина дигар “Ҷамшуд”-ро ба кишвар роҳ намедиҳад?

Валерий Магдяш, ҳунарманди молдовитабори Русия, бо нақши “Ҷамшуд” аз барномаи “Наша Раша” маъруф аст, эҳтимол ба рӯихати  таҳримотии мақомоти амниятии Украина шомил гардад. 

Торнамои “Реал” менависад, ҳузури Магдяш дар шаҳри Луганск метавонад сабаби ин иқдом гардад. Ахиран, журналист Константин Долгов, ки аз Владимир Путин ҳимоят мекунад, дар шабакаҳои иҷтимои аксеро нашр кард, ки дар он Магдяш бо Верешагин аз бошгоҳи мотосиклронҳои ҷонибдорони Путин зери арчаи солинавӣ дар Луганск дида мешуданд. Долгов зери ин акс навиштааст, ки Магдяш барои зери арчаи раҳбари Ҷумҳурии мардумии Луганск Игор Плотнитский гузарондани вақти худ аз таҳримҳо наҳаросид.

Валерий Магдяши 66-сола дар Молдов тавалуд шуда, аз соли 1975 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ӯ дар даҳҳо филм бозӣ кардааст, аммо баъди нақши “Ҷамшуд” маъруф шуд. Ин барномаи ҳаҷвӣ миёни зодагони Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон вокунишҳои зиёде дошт ва аксари одамон онро таҳқири миллат маънидод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *