Ҳукумат  чанд лоиҳаро маъқул донист.

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи як қатор қонунҳоро мақул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод кардааст. 

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар маҷлис, ки дирӯз  баргузор шуд, аз ҷумла лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок”, қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуданд: “Ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пешниҳод шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумат лоиҳаи қарорҳои ҳукумат “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин”, “Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд”, “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супоридани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб” ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Дафтари матбуоти Президент  мегӯяд,ки ӯ ба аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохтору идораҳои назди Ҳукумат ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзамараи ҷомеа, “аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузаронидани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фуруши онҳо, омодагии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба рӯзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кӯчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *