Ҳукумат маблағҳои яхкардаро об мекунад?
Хадамоти гумрук аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба таври истисноӣ воридоти беш аз 1300 адад мошини истеҳсолашон то соли 2005-умро ба қаламрави кишвар иҷозат бидиҳад.
Ин миқдор мошин дар истгоҳи гумрукии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд се моҳ боз дармондааст.Дар Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба хотири иҷозат додани воридоти ин мошинҳо ба қаламрави гумрукии кишвар як ҳафта қабл ба унвонии ҳукумат мактуб навиштанд.Як масъули ин хадамот гуфтааст,ки «ҳоло мо интизори ҷавоби ҳукуматем. То ҳанӯз ба ин мактубамон ҷавоби мусбат ва ё рад нагирифтем. Мо ҳавасмандем, ки барои воридшавии ин мошинҳо иҷозат бидиҳанд. Чунки агар иҷозат шавад, аз 15 то 20 миллион сомонӣ пардохти гумурукӣ ба буҷа ворид мешаванд. Ҳоло ин маблағҳо «ях карда» мондаанд».Ҳукумат охири моҳи январ бо қароре воридоти автомобилҳо ва васоити нақлиёти соли тавлидаш то 2005-ро ба қаламрави кишвар манъ кард ва аз 15-уми феврал ин қарор ба ҳукми иҷро даромад. Сабаби ин иқдом ҳам ҳифзи муҳити зист гуфта шуд. Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист моҳи январи соли равон гуфтанд, мошинҳои кӯҳнаву фарсуда беш аз ҳама ҳавои атмосфераро ифлос мекунанд. Аз ин рӯ, ин кумита ба ҳукумат пешниҳод кард, воридоти мошинҳои то соли 2005-ум истеҳсолшударо ба кишвар манъ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ