Ҳукумат шомилшавии ҷавонони Нуробод ба гуруҳҳои терористӣ пешгирӣ мекунад

 Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолону собиқадорони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон ва ҷавонону волидайни онҳо оид ба пешгирии хушунат дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ вохӯриҳо доир менамоянд.
Дар вохӯриҳои судманд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибону фаъолону собиқадорон аз ҷавонону падару модарон даъват ба амал оварданд, ки зиракиро аз даст надода, ба суханҳои хоинони ватан гӯш наандозанд, ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накунанд, шукронаи тинҷию оромии кишварро карда, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд.
Мақсади асосии вохӯрию ҳамкорӣ бо сокинон -пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *