Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ

Имрӯз 23 августи соли 2016, соати 15:00 дар қабулгоҳи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Конференсияи байналмилалии илмии “Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад.

Конференсияи байналмилалии илмии “Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ”  санаи рӯзи  26 августи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз хоҳад кард.

Аз маркази матбуоти Академияи илмҳо хабар доданд, ки дар кори Конференсия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 нафар олимони давлатҳои хориҷӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва олимони ватанӣ, дар маҷмуъ 400 нафар иштироку суханронӣ менамоянд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.