Чемпиони Чин: Мухаббати ман нисбати Ким Ҷей Ҷонг сиёсӣ нест!

Чемпиони бозиҳои олимпӣ Дин Нин, аз ҷумҳурии халқии Чин, ки дар риштаи тениси рӯйи мизӣ соҳиби меделаи тиллои бозиҳои олимпии Рио-2016 шуд, гуфтааст, ки новобаста аз муносибати сарди Чину Куриёи Шимолӣ ҳунрпешаи кино ва сарояндаи Куриёи Шимолӣ- Ким Ҷей Ҷонг (Ким Ҷе Ҷунг)- ро мақбултарин ҳунарпешаи сайёра меҳисобад ва новобаста аз зан буданаш мӯйи сарашро мисли ӯ хурмоиранг намуда, ҳамранги Ҷей Ҷонг либос мепӯшад.

 

                   

 

Ин чемпиони чинӣ алорағми муносибатҳои дурушти кишвараш бо ватани ҳунарпешаи машҳур ғолиби се каратаи озмуни « Марди зеботарини Осиё»- Ким Ҷей Ҷонгро беҳтарин марди кулли сайёра ҳисобида, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба суоли « Тарзи ороиши мӯйи шумо ба Ҷей Ҷонг монанд аст. Оё ин аз рӯйи муҳаббати шумо ба ин ҳунарпешаи куриёи аст ё чизи дигар?» Хонум Нин чунин посух додаст:

— Шумо хеле дуруст пайхас намудед. Ман воқеан ҳам ошиқи Ҷей Ҷонг ҳастам. Ӯ воқеан ҳам дӯстдоштанист, зеро дар нақшҳо самимӣ бозида, сурудҳои хуб месарояд».

 

        

Дин Нин ба суоли он ки « Ҳамакнун Ким дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ  хизмати ватанашро адо карда истодааст ва ранги мӯяшро ҳам ба сиёҳ иваз намудааст. Магар шумо ҳам ранги мӯятонро дигар мекунед?» чунин посух додааст:

— Ӯ бо мӯйҳои зардаш дили миллионҳоро тасхир намуда буд, ҳамакнун бо либоси аскарбача ҳамаро ошиқи шайдояш намудааст, ки ман истисно нестам. Бояд бубинам, ки ранги сиёҳ ба чеҳраам зебанда аст ё не, аммо дар ҳар сурат ман  ӯро дӯст медорам.

       

 

Дар охир Дин Нин бо ишора ба нофаҳмиҳои Куриёи Шимолию Чин чунин гуфтааст:

— Санъату варзиш чизе ҳаст, ки дилҳоро ба ҳам мепайвандад. Ҳунари асили Ким Ҷей Ҷонг тавонист ,ки маро новобаста аз яке аз чеҳраҳои намоёни Чин буданам тасхир созад. Ин муҳаббати ман  ба сиёсат рабте надорад, ин танҳо як арзи эҳтиром ба ҳунари воло, санъати асил асту бас».

Мавриди зикр аст, ки ин ҳунарпешаи куриёӣ на танҳо байни мухлисони куриёию чинияш, балки дар ҳудуди бештари мамолики Аврупо низ маҳбубияти хосае дошта, мутаввалиди соли 1986 мебошад. Мавсуф ибтидо аз соли 2013 то 2015 се сол пайи ҳам ғолиби «Марди зеботарини Осиё» шуда, 31-уми майи соли 2015 ба хизмати ҳарбӣ рафта, то моҳи майи соли  2017 бояд адои хизмат намояд.

                 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

28 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.