зан

Умеду ноумедӣ. Ё чӣ тавр зани нозо соҳиби фарзанд шуд? 

Вақте дар беморхона будем, як зан аз назди духтур баромад. Хеле бо сӯзиш мегирист ва ҳатто аз шиддати гиря натавонист роҳ раваду дар замин нишаст.

Ҳама ба зан менигаристанд. Як марди калонсол наздаш рафту навозишкорона пурсид:

— Бачам, чиба гиря дорӣ ва барои чӣ нороҳатӣ?

Зан, ки гиря гулӯгираш карда буд, ташхисҳои дасташро такон доду гуфт:

— Эҳтимол аз ман фарзанд намешавад…

Мард каме сукут карду аз китфи зан гирифта ӯро хезонд ва ба курсӣ шинонд. Ҳамширае давида обу дору овард. Занро аз ҳар тараф дилбардорӣ мекарданд, то ноумед нашавад..

Он мард, ки аз чеҳрааш маълум буд, ки дилаш ба ин ҷавонзан месӯзад, гуфт:

— Як қиссаро бароят мегӯям, духтарҷон.

Ва ба нақл оғоз кард:

Замони пеш як зани нозо назди ҳазрати Мӯсо омаду хоҳиш кард, то ҳоҷаташро ба Худо бирасонад, ки фалон зан фарзанд мехоҳад. Вақте Мӯсо (а) пайғоми он занро ба Худо расонд, аз ҷониби Офаридгор нидо омад, ки қалами тақдир рафтааст, он зан фарзанддор намешавад. Аз миён чанд вақт гузашт, зан боз назди ҳазарати Мӯсо омаду ҳамон дархосташро такрор кард. Ин бор ҳам аз сӯи Худо ҳамон ҷавоби қаблӣ омад, яъне он зан кӯдакдор намешавад. Баъди чанд сол Мӯсо аз хиёбоне мегузашт, ки ногоҳ ҳамон занро дид, ки дар дасташ як тифл аст. Ҳазрати Мӯсо ҳайрон шуду аз он зан пурсид, ки ин фарзанди кист? Зан гуфт, аз худам. Мӯсо (а) ба Худо муноҷот карду гуфт: “Худоё, ин чӣ ҳикматест, ки ман ду маротиба аз Ту дар мавриди ҳоҷати он зан пурсида будам, ҷавоб ин буд, ки он зан фарзанддор намешавад. Пас, чӣ шуд, ки соҳиби бача гардид?”. Худо ба Мӯсо гуфт: “Дуруст аст, ки мо дар тақдири он зан нозоиро кашида будем. Ва бо муҷарради он ки мустақим паёми моро аз ту фаҳмид, ки кӯдакдор намешавад, бар замми ин ҳама умедашро наканду аз мо пайваста талаби фарзанд кард. Аз ин рӯ, раҳматам болои қалами тақдирам ғалаба карду сарнавишташро иваз кардам”.

— Барои ҳамин, ту низ ноумед мабош, духтарам,- гуфт он мард…

Зан ҳам каме ором шуд.

Ҳамеша боумед бошед!

Ҷамолиддин ФАХРИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *