Абдухолиқ Холиқзода

Ҳайкали Ниёз Кончӣ гузошта шавад!

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар

Ба хотири гиромидошти яке аз шахсиятҳои муътабари охири асри XIX ва аввали асри ХХ дар водии Зарафшон — Ниёз Кончӣ бояд яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент ба номи ин абармард номгузорӣ карда шавад ва ҳамчун рамзи эҳтиром нимпайкараи ӯ низ гузошта шавад.

Ин шахсияти бузург, ки дар замони тираву тори амирӣ умр ба сар бурдааст, монанди як машъали бузурги фурӯзон дар ин водӣ дурахшон будааст. Вай пас аз хатми яке аз донишгоҳҳои Русия ба Ватан баргашта, тамоми умри кӯтоҳи худро ба ободии диёр ва накӯкорӣ сарф кардааст.

Доир ба рӯзгор ва корнамоиҳои Ниёз Кончӣ нависанда Сорбон роман низ навиштааст.

Ҳусниддин АБӮНАСРОВ, шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *