Ҳунармандони тоҷик ба Тошканд рафтанд
Ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон, ба шаҳри Тошканд сафар карданд. Аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг рӯзи 10-уми октябр хабар додаанд, ки субҳи имрӯз 44 нафар аз Тоҷикистон ба Тошканд парвоз намуданд. Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон зери роҳбари Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанг, озими кишвари ҳамсоя шудаанд.
“Барномаҳои консертии ҳунармандони тоҷик аз рӯзи 11 то 14 октябр танҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Ҳунармандони тоҷик бо омодагии хуб ба Узбекистон сафар кардаанд ва умедворем, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар дар сатҳи олӣ баргузор мешавад,”-афзуд манбаъ.
Дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон намоиши аксҳои «Тоҷикистони муосир» ва «Китобҳои Тоҷикистон»-ро баргузор шуда, ду филми ҳунарии коргардон Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» низ пешниҳод хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар доираи ин барнома дар пойтахти Узбакистон консерти устодони санъати тоҷик Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев, Саидқул Билолов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва дигарон баргузор мешавад ва ансамбли машҳури рақсии «Зебо» рақсҳои тоҷикиро иҷро хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ