Қурбоналӣ Раҷаб вафот кард

Қурбоналӣ Раҷабов, яке аз охирин гурӯғлисароён ва шоири мардумии Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ рӯзи 10-уми октябр даргузашт.

Ӯ 93 сола буд. Қурбоналӣ Раҷабовро баъди маросими ҷаноза дар оромгоҳи Тамошотеппаи Кӯлоб дафн карданд. Ба гуфтаи фарзандонаш, гурӯғлисарои тоҷик як моҳ пеш сахт бемор шуд ва аз ҳаракату сухан гуфтан монда буд. Гурӯғлӣ, ки аз ҳунарҳои қадимии мардуми Осиёи Марказӣ аст, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон шунавандаи зиёд дошт. Гурӯғлихонҳо даҳҳо ҳазор байти достонеро аз ёд медонанд ва метавонанд, муддати тулонӣ ва беист овозхонӣ кунанд. Аммо солҳои ахир гурӯғлисароӣ дар Тоҷикистон тақрибан дида намешавад ва Қурбоналӣ Раҷаб ҳам яке аз он гуруғлисароёни ангуштшумор буд. Қурбоналӣ Раҷаб рӯзи 1-уми марти соли 1925 дар деҳаи Порвори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст ва баъди захмӣ шуданаш, ба Тоҷикистон баргаштааст. Адиби мардумӣ аз соли 1956 ба шеъргӯйӣ оғоз кардааст ва солҳои 1962-1963 дар асоси ривоятҳои ӯ ду ҷилди ҳамосаи мардумии «Гурӯғлӣ» сабту чоп шудааст. Сабки шеъраш сабки шеъри шифоҳии мардум аст. «Таронаи дил» «Суруди замин» «Ҳафтранг» «Фурӯғи пирӣ» аз ҷумлаи китобҳои ӯст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *