Кампираки 117-сола шодимарг шуд

Дар кишвари Мексика зани 117-сола баъди чанд соати ба даст гирифтани шаҳодатномаи таваллудаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Тринидад Алварес Лира (Trinidad Alvarez Lira) чанд сол интизори гирифтани ҳуҷҷати мазкур буд, то аз имтиёзҳои муқарраркардаи давлат вобаста ба дарозмурӣ бархурдор гардад, вале кормандони мақомот корро кашол дода, ҳуҷҷатро вақте ба кампир супурданд, ки дигар аз он ягон суд набуд. Пиразани дарозумр соли 1898 ба дунё омада, бар асари сактаи қабл фавтидааст.

Зани дарозумртарини ҷаҳон бонуи фаронсавӣ Жанна-Луиза Калман ба ҳисоб рафта, ҳанӯз соли 1997 дар синни 122 солагӣ фавтида буд. Моҳи майи соли равон дар Ню-Йорк дуюмин зани пиртарини ҷаҳон Сюзанна Мушатт Джонс дар синни 116 солагӣ аз олам даргузашт. Акнун унвони «Зани пиртарини ҷаҳон» насиби бонуи 116-солаи итолиёвӣ  Эмма Морано Буш гашта, ин кампираки хушбахт тибқи ҳуҷҷатҳо дар асри XIX ба дунё омадааст.

Кистаи марговар

Дар кишвари Бангладеш ними рӯйи духтарчаи 11 моҳаро варам фаро гирифтааст. Волидони Чингрунг Мро бори аввал дар 9 моҳагӣ ӯро ба назди табибон оварда буданд. Бемории духтарак ганглиоглиома ном дошта, варами хеле суст афзоишёбандаест, ки дар сурати табобат накардан боиси марг мегардад. Баъди он ки дар бораи бемории Чингрунг дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дарҷ гардид, вазири тандурустии Бангладеш аз тақдири духтарчаи камбизоат огаҳӣ ёфта,  табобати ӯро дар коллеҷи тиббии кишвари Дакка ташкил намуд. Айни замон мутахассисони беҳтарин барои ҷарроҳӣ намудани духтараки бемор омодагӣ дида истодаанд.

Занҳо бо гипноз мезоянд?!

Ҳукуматдорони Бритониёи кабир бо мақсади рафъ намудани дарди ҷонкоҳ ҳангоми таваллуд ба қароре омаданд, ки минбаъд занҳоро вақти зодан гипноз мекунанд. Аксарияти бонувони як маротиба чордардро аз сар гузаронида, дигар ҳомиладор шудан намехоҳанд, иддае барои дардро ҳис накардан ба ҷарроҳии чоки қайсар рӯ меоранду тоифаи дигар аз маводҳои беҳушкунанда истифода бурдан мехоҳанд. Барои осон кардани дарди бонувони ҳомила дар ин кишвар минбаъд ба момодояҳо курсҳои махсуси гипнозро меомӯзанд. Техникаи мазкур на танҳо дарди занро рафъ месозад, балки хотирашро ҳам болида мегардонидааст.

Соягоҳ барои мотосиклронҳо

Дар роҳҳои мошингарди Ҳиндустон бо сабаби гармои сахт барои ронандагони мотосикл соягоҳҳои махсус ҷойгир менамоянд. Соягоҳҳоро дар чорроҳаҳои чароғакдор месозанд, то ки мотосиклронҳоро офтоб назанад. Ба ақидаи ҳукуматдорони маҳаллӣ чунин соягоҳҳои муваққатӣ боиси тартибот дар роҳҳо мегарданд, зеро ронандагони мотосиклҳо кӯшиши дар чароғаки сурх гузаштанро накарда дар соя интизор мешаванд. Соли гузашта ҳарорати ҳаво дар фасли баҳор дар Нагпур то 48 дараҷа гармӣ расида буд, баҳори имсол бошад ҳаво 40 дараҷа тасфид. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво дар ин кишвар то чанд дараҷа баланд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *