Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 868 маҳбусро афв кард
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо имзои як фармон 868 маҳбусро афв кард. Дар ин бора Хабаргузории давлатии Туркманистон 23 сентябр иттилоъ дод.
Манбаъ афзудааст, ки фармони мазкур «бо риояи усули раҳмдилӣ ва инсонгарӣ бахшида ба 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Туркманистон ба имзо расидааст». Рӯзи истиқлоли Туркманистон имсол 27 сентябр таҷлил хоҳад шуд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон вазифадор шудаанд, ки тамоми расмиётро то 27 сентябр анҷом диҳанд, то афвшудаҳо тавонанд, ҷашнро дар иҳотаи наздиконашон таҷлил кунанд.
Президенти Туркманистон дар як сол чанд бор бахшида ба ҷашну санаҳои муҳим маҳбусонро афв мекунад. Моҳи марти соли 2019 низ бахшида ба Иди Наврӯз 2028 зиндонӣ афв гашта буданд.
Вале ин афвҳо ба маҳбусони сиёсӣ дахл надоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ