Дар Ваҳдат мактабе номи Асадулло Саъдуллоевро гирифт

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №148 дар шаҳри Ваҳдат ба номи Асадулло Саъдуллоев, собиқ устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бахшида ба 79-умин солгарди устоди шодравон рӯзи 21-уми сентябр дар мактаби мазкур чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, омӯзгорону хонандагони мактаб, аҳли зиё ва шогирдону фарзандони Асадулло Саъдуллоев ширкат варзиданд. Дар ин бора  яке аз созмондиҳандагони ин чорабинӣ Илҳомҷон Ҳамидиён иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, муовини раиси шаҳри Вахдат Фарзона Хоҷазода аз номи мақомоти маҳаллӣ суханронӣ карда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфт. Сипас адибон Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон ва ҳамкорону шогирдони устод дар бораи ҳаёту фаъолияти пурсамари ӯ ва саҳми назаррасаш дар рушди рӯзноманигории тоҷик ибрози андеша карданд.

Зимнан пешниҳод гардид, ки барои толибилмони беҳтарини мактаб дар ҷамъбасти соли хониш идрорпулии ба номи Асадулло Саъдулоев супорида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *