Уррааа! Барқро барои камбизоатон арзон карданд

Ин барои оилаҳои камбизоат, ки фарзандони то 16-сола доранд ва кумакпулиҳои давлатӣ мегиранд, дахл дорад

Тарифи нерӯи барқ ​​барои шаҳрвандони (оилаҳои) камдаромад поин бурда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Фармон “Дар бораи чораҳои дастгирии шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат дар шакли кам кардани пардохтҳои барқ” аз ҷониби раиси ҷумҳур имзо шудааст.

Мақсад ва вазифаи ин фармон дастгирии мақсадноки иҷтимоии эҳтиёҷмандони кӯдакони то 16-сола дар шароити болоравии нархи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятдошта мебошад.

Дар доираи ин қарор Девони Вазирони Қирғизистон вазифадор шудаст аст, ки аз 1 январи соли 2022 барои оилаҳое, ки кӯдакони то 16 сола доранд ва аз давлат кумакпулӣ мегиранд, тарифи 50 тин (барои як киловатт-соат бо истеъмол дар доираи 50 тин) муқаррар карда шавад,- мегӯяд манбаъ ба Sputnik.

Фармони поин бурдани нархи нерӯи барқ ба оилаҳои камбизоатро Ҷабборов дар ҷаласаи Шӯрои Амният дастур додааст.

Ҳамакнун тибқи ин фармон оилаҳои камбизоат 17 тин камтар барои ҳар килловат маблағи барқ месупоранд

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон тариф барои истеъмолкунандагони маишӣ ҳоло барои як киловатт-соат 0,77 сум муқаррар шудааст. Барои сарфи зиёда аз 700 киловатт-соат дар як мох тариф 2,16 сумро ташкил медихад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *