Бародар хоҳарро бо 21 фарзанду набера аз хона ронду маблағашро низ барнагардонд

Пас аз 15 соли баҳси хоҳару бародар сари як манзили зист додгоҳи Фархор онро ба фоидаи бародар ҳал кард ва зан бо 21 фарзанду наберагонаш дар кӯча монд.

Пайкармо, сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор, бо бародараш Абосулло Саъдиев соли 2006 сар шуда буд. Онҳо барои манзили падариашон баҳс карданд.

Пайкарамо мегӯяд, 18 сол пеш хонаи падариашро аз бародараш харид, вале он замон, ба ҷуз созиши шифоҳӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ санадҳоро дуруст накарда буданд.

Шоҳидон мегӯянд, воқеан шоҳиди маблағ додани хоҳар ба бародараш буданд. Аз ҷумла, Раҳмонқул Бегов, як сокини Фархор мегӯяд, ӯ маблағро бурда ба Абосулло дар Душанбе супурдааст.

Ҳоло ин зан аксари ашёи рӯзгорашро дар манзили ҳамсоя муваққатан ҷо кардааст.

Хоҳари дар ҳоли ногувор монда, мегӯяд, ба бародараш бовар дошт ва фикр намекард, рӯзе ӯро ба додгоҳ мекашад. Дар аввалин ҳалномаи додгоҳи Фархор, ки моҳи январи соли 2006 содир шудааст, даъвои Абосуллоро беасос хонда, онро рад кардаанд.

Дар ҳалноми соли 2019-и додгоҳи Фархор низ сухан дар бораи иҷборан аз хона пеш кардани Пайкармо намеравад. Танҳо дар бораи тақсими мерос ҳалнома содир шудааст. Аммо имсол додгоҳ қарор қабул кардааст, ки Пайкарамо бо 21 узви хонаводааш ин манзилро тарк кунанд.

Се ҳафта пеш иҷрочиёни суд ин занро бо ашёи рӯзгораш аз ин манзил берун карданд ва он ҷо ҳоло Абосулло Саъдиев зиндагӣ дорад.

Абосулло Саъдиев, бародари ин зан решаи баҳсро шарҳ надод. Танҳо дар суҳбати кутоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори додгоҳро дуруст мешуморад.

Аҷабо, кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро ин баҳс пас аз 15 сол рух зада? Ва чаро Абосулло дидаву дониста хоҳари ҳамтанаи худро аз манзили падарӣ ронад? Магар ӯ низ ба ин манзил ҳақбар нест? Чаро мақомоти судӣ ба ҷузъиёти он мунсифона назар надӯхтаанд? Ин зан бо 21 нафар аъзои оилааш куҷо равад? Бояд ин масъалае бошад, ки на танҳо боиси нигаронии мақомоти тафтишоту суд ва балки ҳукмати маҳаллӣ ва Кумитаи занонон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ низ бошад.

Хоҳараш мегӯяд, бародараш ҳам маблағи ӯро аз худ кард ва ҳам ӯро аз манзили зист маҳрум сохт.

Яъне бародар хоҳарро бе теғ кушт!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *