Чоршанбе рӯзи панҷшанбе ба Душанбе «депорт» мешавад

Ҳарбкор ё размкори тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев бо қарори суди Русия ҳ 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, аз ин кишвар ихроҷ мегардад.
Қарори суд рӯзи шашуми декабр дар ҳузури худи варзишкор эълон шуд.
Суд ӯро дар нақзи қоидаҳои ҳузуру будубош дар Русия гунаҳкор дониста, барои ихроҷи маҷбурияш қарор содир намуд.
Муқаррар шудааст, ки то хориҷаш Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳдорӣ шавад ва тавре як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ӯро рузи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба Душанбе равона мекунанд.
Чоршанбе размкори шинохтаи тоҷики ширкати «Fight Nights Global промоушн» барои пойгаи мошин дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав зиндагӣ мекард. Чоршанбиев як узви «Fight Nights Global», қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад.
Ӯ дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир Чоршанбе моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи «Fight Nights Global» бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *