USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон $19 млн ҷудо мекунад

Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) аз оғози лоиҳаи нави панҷсола таҳти унвони Рушди бозори деҳот (MDRD) ба маблағи 19 миллион доллар хабар дод.

Дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки лоиҳа тамоми кишварро фаро гирифта, ҳадафи он суръат бахшидан ба рушди бахши кишоварзӣ тавассути фароҳам овардани дастрасии ҳамаҷониба ба имкониятҳои иқтисодӣ дар ҷамоатҳои деҳот мебошад.

«Лоиҳаи MDRD барои устуворона баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодии деҳқонон, ҷавонон ва заноне, ки дар бозори кишоварзии Тоҷикистон кор мекунанд, равона шудааст»,- гуфта мешавад дар гузориш.

Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт: «Ин лоиҳа ба ҳадафҳои Барномаи нави устувории системаҳои кишоварзӣ ва озуқавории Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат мекунад ва ба табдили заминаи иқтисодии Тоҷикистон аз як соҳаи аграрӣ ба агросаноатӣ мусоидат менамояд».

Силвия Ҷ. Мегрет, директори генералии ACDI/VOCA, як созмони ғайритиҷоратии амрикоии рушди байналмилалӣ қайд кард, ки лоиҳа ба татбиқи осонгардонии мушкилоти бозор дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *