Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон поён рафт

— Шумораи шаҳрвандони бекор дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст,- хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар охири моҳи феврали соли 2023 шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврали соли 2022-юм 5,6% камтар аст.

Тиқи маълумоти агентӣ, тақрибан нисфи шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда нисбат ба қувваи корӣ 2% ҳисоб карда мешавад.

“Ин беҳбудӣ ба баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунанд, вобаста аст”,- афзудааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *