Беш аз 10 ҳазор хонандаи пойтахт ройгон истироҳат мекунанд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи барномаҳои омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 тасдиқ гардид.

Тибқи қарори мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети пойтахт ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд, дар таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт ташкил мегардад.

Масъулин вазифадор шудаанд, ки то 1-уми июни соли 2023 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазорнамоию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.

Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои бенаво (камбизоат), кӯдакони болаёқат ва инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар таътили тобистонаи соли равон 4192 нафар кӯдаку навраси пойтахт дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо истироҳати ройгон фаро гирифта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *