USAID сармоягузориҳои хусусиро барои оби нӯшокии безарар  дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

19 сентябри соли 2024 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  расман шабакаи таъмини оби нӯшокии барқароргардидаро дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон  расман ба истифода дод. Лоиҳаи мазкур як қисми фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот буда, ҳадафи он таъмини оби нӯшокӣ ба ҷамоатҳое, ки дар саросари кишвар ба оби нӯшокӣ дастрасии кофӣ надоранд, иборат мебошад.

Қаблан аз 4500 сокини ҷамоати шаҳраки Палос танҳо 50% бо сабаби зуд-зуд вайрон шудани шабака ва набудани маблағ барои нигоҳдории он  ба оби нӯшокӣ  дастрасӣ доштанд. Тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ) байни ҳукумати маҳаллӣ ва оператори хусусии ҶДММ «Макони озод», ки аз ҷониби ташкилоти USAID дастгирӣ ёфтааст, шабака пурра барқарор карда шуд. Ҳоло он ба тамоми аҳолии ҷамоати шаҳрак, ки аз  4500 нафар аҳолӣ иборат мебошад, хизмат мерасонад.

Дар маросими ифтитоҳ лоиҳа Директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Риордан қайд намуданд: “иқдоми мазкур шаҳодати он аст, ки ба кадом дастовард метавон ноил шуд вақте мо ҷанбаҳои пурқуввати ҳам бахши давлатӣ ва ҳам хусусиро барои як мақсади муштарак муттаҳид мекунем”.

Илова бар ин, USAID бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи Қонуни нави шарикиҳои давлат ва бахши хусусӣ, ки татбиқи лоиҳаҳои хурди шарикиҳои давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои марбут ба хадамоти обро осонтар мекунад, ҳамкорӣ мекунад.

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

—-

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар торнамои USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ — ро мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *