USAID занони соҳибкори тоҷикро дастгирӣ мекунад

Дар Тоҷикистон наздик ба 80 ҳазор зан ҳамчун соҳибкор фаъолият мекунанд. Теъдоде аз ин занон дар ҳамкорӣ бо барномаҳои USAID тиҷорат ба роҳ монда, мардумро бо шуғл таъмин намудаанд.
6 –уми март дар меҳмонхонаи “Хилтон” бо ташаббуси Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амроико (USAID) ва иштироки занони соҳибкори тоҷик ҳамоиш баргузор шуд.
Умеда Пӯлодова, мудири ширкати барномасозии “IT Run” дар Хуҷанд яке аз онҳоест, ки барои занон барномаҳои компютериро меомӯзонад.


Умеда Пӯлодова занони паноҳандаи Афғонистонро низ барои соҳибкор шудан омода кардааст. Ӯ иброз намуд, ки дар ду моҳи аввал ба бонувони тоҷик ва муҳоҷирони афғон кор бо компютерро омӯзонидааст.
Таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии занон барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, қарздиҳии дастрас аз омилҳои асосии рушди соҳибкории занон мебошанд.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 45 дарсади занон ба фаъолияти хусусӣ машғул буда, танҳо 11 дарсад дар ширкатҳои расмӣ роҳбарӣ мекунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *