Духтаре, ки 7 дастгоҳ ихтироъ кардааст

Маҳҷабин Давлатқадамова донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буда, аллакай барои соҳаи хоҷагии қишлоқ 7 дастгоҳ офаридааст.

“Нерӯгоҳӣ барқӣ” ва “огоҳкунаки беноқил” намунаи барҷаста аз кори ӯст, ки истифодаи он мушкилоти хоҷагии қишлоқро кам мекунад. Маҳҷабин мегӯяд, аллакай ин нерӯгоҳро барои истифода ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод кардаанд. Нерӯгоҳи ихтироъкардаи Маҳҷабин аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо ин нерӯгоҳи барқиро дар хонаашон низ истифода мебаранд.

 Огоҳкунаки беноқили Моҳҷабин бошад, метавонад дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва саноат инчунин дар соҳаи ҳарбӣ истифода гардад. Тавре ин духтари боистеъдод иброз намуд, огоҳкунакро агар дар ягон корхона ё ҷойҳои дастнорас васл намоем, вай бевосита метавонад ҳангоми аз кор мондани дастгоҳҳои он, корхонаро дубора фаъол намояд.

Асбоби сохтаи мо, яъне огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар додан аз офатҳои табиӣ, муҳофизати хонаҳо, анборҳо, маҳаллаҳои муҳофизатшаванда ва дар роҳҳои хавфнок барои мондани чароғакҳои роҳнамо истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани офати табиӣ, асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад,- мегӯяд Маҳҷабин Давлатқадамова. 

Маҳҷабин дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Ӯ фаъолиятро ҳанӯз дар синфи чорумиаш оғоз кардааст. Соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст. Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кардааст.

Маҳҷабин Давлатқадамова имрӯз яке аз узвҳои хурди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст. Ин духтар бо вуҷуди фаъолият дар самти ихтироъкорӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул аст.

“Ман баъд аз дарсҳои донишгоҳ дар ду маркази забономӯзӣ дарс мехонам. Ҳоло бошад, забонҳои туркӣ ва ангилисиро меомӯзам. Мехоҳам дар оянда таҳсили худро дар ягон давлати хориҷӣ идома дода, дар риштаи худ муваффақ гардам.”

Маҳҷабин ҳамарӯза пас аз дарс зери роҳбарии Қурбонов Бадриддин малакаву маҳорати техникиашро тақвият мебахшад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ӯ аллакай чанд сафари берун аз кишварро дошта, аз ин сафарҳо чизҳои зиёдеро аз худ кардааст. Инчунин, ӯ дар донишгоҳ ба ҷавонони аз худ хурдтар аз таҷрибаи андӯхтааш меомӯзонад.

Маҳҷабин Давлатқадамова зодаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, мехоҳад бо ихтирооти худ барои пешравии зиндагии мардум кӯмак расонад.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *